«ОРИЁН»-И КӮДАКОН

Муассисаи томактабии «Ориён» яке аз калонтарин кӯдакистон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад. Дар кӯдакистони мазкур як гурӯҳ бонувони соҳибфазилат ва ғамхору меҳрубон бо роҳбарии бонуи бофазилат ва маорифпарвар Ҳангома Юсупова фаъолият доранд, ки кӯдаконро самимона дӯст медоранду тамоми ҳастии хешро ба онҳо бахшидаанд. Кӯдакистон дорои майдончаҳои гуногуни варзишию истироҳатӣ буда, долону машғулиятгоҳҳо низ бо завқи баланд, эҷодкоронаву ҳадафмандона ороста шудаанд, ончунон ки ҳар кас бо ворид шудан ба ин макон беихтиёр худро дар дунёи пурафсонаву зебои кӯдакон эҳсос менамояд, дилаш фараҳрез мешаваду табъаш болида. Муассис ва сарвари кӯдакистони «Ориён» Ҳангома Юсупова бонуест дилдодаи тифлакон ва хоксору меҳрубон. Ӯ аслан дар оилаи омӯзгор чашм ба олами ҳастӣ кушода, фаъолияти меҳнатияшро ба ҳайси роҳбари маҳфили фанни забони русии Муассисаи таҳсилоти иловагии шаҳри Кӯлоб оғоз намудааст. Вале таваҷҷуҳ ва муҳаббаташ ин бонуи ҳунармандро ба дун­ёи кӯдакон овард ва тамоми ҳастияш, донишу истеъдодашро ба таълиму тарбияи тифлакон бахшид. Ӯ соли 2017 ба факултаи педагогика ва психологияи томактабии ДДК ба номи А.Рӯдакӣ дохил шуда, онро соли 2020 бомуваффақият хатм намуд. Соли 2019 қобилияти кордонии ӯро ба назар гирифта, директори муассисаи томактабии №1-и шаҳри Кӯлоб таъйинаш намуданд. Кӯдакистони мазкур соли 1956 сохта ба истифода дода шудааст. Бо дастгирии соҳибкорон, шахсони саховатманд ва талошҳои пайгиронаи мудири кӯдакистон аз таъмири пурра бароварда шудааст. Ҳангома Юсупова 5 сол боз ҳамчун мураббия ва мудири кӯдакистон ба корҳои ободониву бунёдкории кӯдакистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, инак дар як муддати кӯтоҳ пешравиҳои назаррасро дар муассиса мушоҳида кардан мумкин аст. Баъди гузаштан ба маблағгузории сарикасӣ вазъи молиявии кӯдакистон беҳтар гардид. Аз тарафи дигар, ҳамкориҳои самаровар бо соҳибкорону шахсони саховатпеша хуб ба роҳ монда шуда, вазъи молиявии кӯдакистон аз ҳисоби маблағгузории онҳо беҳтар гардид. Маблағи хӯроки кӯдакон дар муассисаи таҳсилоти томактабӣ аз ҳисоби падару модарони кӯдакон ба 4 сомонию 56 дирам расонида шудааст. Таълиму тарбия, истироҳат, ҷойи бозӣ, ҳавзи оббозӣ ва ҷойи хоби кӯдакон ба талаботи рӯз ҷавобгӯ мебошад. Бояд зикр намуд, ки сол то сол саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва дараҷаи донишандӯзии кӯдакону наврасон беҳтару хубтар шуда истодааст. Дар кӯдакистон 9 нафар мутахассиси соҳибмаълумот ва як нафар равоншинос фаъолият мекунанд. Дар 9 гурӯҳи кӯдакони 5-7 — сола, ки 180 нафар тарбиятгирандаро дарбар мегирад, машғулиятҳои забонҳои русӣ, англисӣ ва маҳфилҳои рассомӣ, рақсу мусиқӣ мунтазам амал мекунад. Соли равон барои ҷойи бозии кӯдакон ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст. Бо мақсади дуруст ба роҳ мондани раванди таълиму тарбияи кӯдакон, мураббиён аз барномаи таълимии «Рангинкамон» истифода мебаранд. Инчунин, бахшида ба иду ҷашнвораҳо чорабиниҳои ҷолиб гузаронида мешаванд. Ҳамкории кӯдакистон бо падару модарони тарбиятгирандагон вобаста ба пешравии таълиму тарбияи кӯдакон дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.

Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»